Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби аудити ҳамаи 13 барномаи ADB дар Тоҷикистон


Ҳамаи 13 барномае, ки Бонки осиёии рушд соли гузашта дар Тоҷикистон таъмини молӣ кардааст, мавриди бозрасӣ, ё худ аудит қарор мегиранд.
Манобеъи хабаргузории “Азия Плюс” дар кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфтаанд, ин аудит як шарти созишномаҳои имзошуда бо Бонки осиёист ва ширкати аудиториро бояд ҳамин кумита интихоб кунад. Ҳадаф аз ин бозрасӣ таъмини шаффофияти истифодаи маболиғест, ки давлати Тоҷикистон тайи соли 2009 аз Бонки осиёии рушд дарёфт кардааст. Қарор аст, ба хотири таъйини ширкати масъули бозрасии барномаҳои Бонки осиёии рушд тендери байналмилалӣ эълон шавад.
XS
SM
MD
LG