Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири кулли ADB аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард


Рӯзи душанбе, 15 март Хуан Миранда, мудири кулли Бонки осиёии рушд дар умури Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ бо як сафари якрӯза вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.
Ҳадаф аз ин сафар музокирот бо раҳбарони ҳукумати Тоҷикистон ва кӯмакрасонҳои ин кишвар ва баррасии барномаҳои ояндаи Бонки осиёӣ дар ин кишвар гуфта мешавад.
Мулоқоти Хуан Миранда бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар дошта шудааст.
Тоҷикистон аз соли 1998 ба узвияти Бонки осиёии рушд пайваста, тайи ин муддат аз ин ниҳоди молӣ ба маблағи 560 миллион доллар қарзу кӯмакҳои моливу фаннӣ дарёфт кардааст. Маҷмӯъи кӯмакҳои билоиавази Бонки осиёӣ ба Тоҷикистон дар соли равон 74 миллион доллар баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG