Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуввуми интихобот дар 50 ҳавза


Имрӯз дар ҳавзаи Конибодоми вилояти Суғд дар даври дуввуми интихобот охирин вакили Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистонро интихоб мекунанд.
Барои ин курсӣ номзади ҳизби мухолифи сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ва номзади ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ Насруллоҳ Маҳмудов мубориза мебаранд.
Ҳамчунин имрӯз дар ҳудудан 50 ҳавзаи маҳаллӣ даври дуввуми интихоботи вакилони маҷолиси ҷамоативу ноҳиявӣ ва шаҳриву вилоятӣ баргузор мешавад. Дар арафаи даври дуввум дар ҳавзаи Мӯъминобод дар вилояти Хатлон ду номзади Ҳизби наҳзати исломиро аз сабқат берун кардаанд.
XS
SM
MD
LG