Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлосияи нахустини ҳайъати ҷадиди маҷлиси Душанбе


Иҷлосияи нахустини ҳайъати нави маҷлиси Душанбе бо қарори шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон Муҳаммадсаид Убайдуллоев рӯзи душанбе, 15 март барпо хоҳад шуд. Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ гуфтааст, ки дар ин иҷлосия раиси куммиссиюни интизоботии Душанбе Ҳусноро Мирзоева дар бораи натоиҷи интихоботи рӯзи 28 феврал гузориш дода, номзадҳои ба интихоботи Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешбарикардаи маҷлисҳои навоҳии пойтахт низ муаррифӣ хоҳанд шуд. Маҷлиси шаҳри Душанбе рӯзи 25 март 5 вакили палатаи болоии парлумонро интихоб хоҳад кард. Ба вакилии Маҷлиси Миллӣ шаҳрдор М.Убайдуллоев, ки аз соли 2000 ба ин сӯ раисии палатаи болоии парлумонро бар ӯҳда дорад, низ пешбарӣ шудааст.
Рустами Эмомалӣ, фарзанди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дар интихоботи ахир вакили маҷлиси Душанбе интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG