Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуввуми интихобот баргузоршуда эълон шуд


Комиссиюни ҳавзаи интихоботии Конибодом даври дуввуми интихоботи парлумонӣ дар ин минтақаро «баргузоршуда ва қонунӣ» эълон кард.

Аҳрорхон Саримсоқов, раиси комиссиюни ҳавзаи интихоботии Конибодом, ба радиои Озодӣ гуфт, ки то соати 14-и имрӯз беш аз 86 дарсади раъйдиҳандагони ҳавза дар интихобот ширкат кардаанд. Тибқи иттилои расмӣ, теъдоди раъйдиҳандагон дар ин ҳавза ҳудуди 90 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Раиси комиссиюни ҳавзаи интихоботии Конибодом афзуд, интихобот соати 20-и шом ҷамъбаст ва шумориши оро оғоз хоҳад шуд.

Рафти интихобот аз сӯи нозирони маҳаллӣ ва байналмилалӣ назорат мешавад. Комиссиюни марказии интихобот мегӯяд, то ҳол аз мавридҳои тақаллубкорӣ ва қонуншиканӣ дар ҳавзаи Конибодом ягон шикояте нашудааст.

Вале Шокирҷон Ҳакимов, яке аз номзадҳои аслӣ дар ин интихобот, гуфт, ки соатҳои аввали баргузории интихобот бо мавориди тақаллуб ва дахолати бевоситаи мақомоти маҳаллӣ ҳамроҳ будааст. Ба гуфтаи вай, мақомоти вилоят, шаҳр ва ноҳия бо ҳар роҳ талош доранд, то дар раванди раъйдиҳии мардум дахолат кунанд ва онҳоро барои раъй додан ба номзади Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистон водор созанд.

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, аксари кулли ҳайати масъулон дар 58 қитъаи раъйдиҳӣ дар ҳавзаи Конибодом аз намояндагони ҲХДТ ва ғайриҳизбӣ иборатанд, ки онҳо низ ба ҳизби ҳоким иртибот доранд.

Дар даври аввали интихоботи парлумонӣ ҳавзаи инфиродии Конибодом ягона ҳавзае буд, номзадҳо ба парлумони кишвар ҳадди 50 дарсадии овозҳоро убур накарда, ба даври дуюми интихоботи парлумонӣ роҳ ёфтанд. Дар ин ҳавза 5 номзад сабқат доштанд ва намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ Насрулло Маҳмудов 36 дарсад ва номзади Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов 31 дарсади ороро ба даст оварданд.

Ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ ва як номзади инфиродӣ эълон карданд, ки овозҳои худро бар нафъи номзади Ҳизби сотсиал-демократ мебахшанд.

Конибодом аз ҳавзаҳои доғи интихоботӣ дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад. Дар ин ҳавза соли 2005 низ даври дуюми интихоботи парлумонӣ доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG