Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 35 нафар дар Қазоқистон бар асари сел


Дар вилояти Алма-Атои Қазоқистон бар асари рахна шудани сарбанди обанбори Қизил-Ағаш селоб чандин рустои воқеъ дар роҳи маҷроро шуста, мунҷар ба ҳалокати 35 нафар шудааст. Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов дар ин фоҷиа молики обанбори Қизил-ағашро муҷрим номид.
Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи шанбе дар нишасти ҳукуматаш гуфт, молики ин обанбор, ки рахна шудани сарбандаш деҳаи Қизил-Ағаш, маҳалли сукунати 3000 нафарро тахриб кард, бояд ба масъулият кашонида шавад.
Селхезӣ дар ин минтақа боиси қатъи ҳаракати қаторҳои роҳиоҳан шуда, ҳаракати нақлиёти заминӣ низ дар як идда роҳҳои мошингарди ҷануби Қазоқистон мутаваққиф шудааст.
XS
SM
MD
LG