Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон ба хонаводаи Стомболич товон пардохт


Сербистон ба хонаводаи раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Иван Стомболич, ки соли 2000 бо дастури раисиҷумҳури вақти Сербистон Слободан Милошевич кушта шуд, 344 000 доллар товон пардохт кардааст. Намояндаи аршади вазорати адлияи Сербистон Слободан Ҳомен қатли Иван Стомболич бо дасти нирӯҳои амниятиро “як рӯйдоди мудҳиш” номид. Иван Стомболич дар солҳои 80 раисиҷумҳури Сербистон буд. Хонаводаи ӯ то кунун тасмими ахири Белградро ташреҳ накардааст.
XS
SM
MD
LG