Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай аз қарори қаблиаш ақиб нишаст


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай розӣ шуд, ки қарори қаблии худ ҷиҳати ихроҷи аъзои хориҷии куммиссиюни шикоёти интихоботиро бознигарӣ карда, ҳузури ду нозири хориҷиро дар ин ниҳоди назоратӣ иҷозат диҳад. Сухангӯи Карзай Ваҳид Умар дар “марҳалаи гузор” ба низоми демократӣ қарор доштани кишварро далели ин иқдоми раисиҷумҳур номид, вале афзуд, ки аксари аъзои ин ниҳоди назоратиро афғонҳо ташкил дода, кори онро таҳти назорат хоҳанд гирифт.
Иқдоми ахири Кобул дар пасманзари фишорҳоест, ки ба хотири пешгирӣ аз такрори айни интихоботи пуртақаллуби раёсатҷумҳурии Афғонистон дар августи гузашта гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG