Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Амрико аз боздошти боз 25 баҳоӣ дар Эрон


Амрико дар бораи таъқиби пайравони мазоҳиби ғайр дар Ҷумҳурии исломии Эрон изҳори нигаронӣ кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, мақомоти Эрон тайи ҳафтаҳои ахир дастикам 25 пайрави мазҳаби баҳоияро боздошт кардааст ва ин дар ҳолест, ки то 60 пайрави дигари ин мазҳаб дар Эрон “танҳо ба далели эътиқоди мазҳабии худ” алакай дар зиндон ба сар мебаранд. Вазорати умури хориҷии Амрико бо иттиҳоми ҷосусӣ ба додгоҳ кашонидани раҳбарони мазҳаби Баҳоияро мояи нигаронӣ номид. Вакилони мудофеъи онҳо ин иттиҳомотро бепоя номида, радд мекунанд.
XS
SM
MD
LG