Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониёни ҳамла дар Свот ба 13 нафар расид


Бар асари таркиши интиҳорӣ дар шимолуғарби Покистон 13 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар захмӣ шуданд. Сухангӯи артиши Покистон гуфт, маргталаб мошини бомбгузоришударо дар наздикии як посгоҳи амниятӣ дар минтақаи Свот тарконд. Покистон соли гузашта дар пайи нақзи қарордоди оташбаси давлат бо Толибон алайҳи ҷангиён дар водии Свот амалиёти густардаеро ба роҳ андохт. Ин минтақа дар миёнаҳои соли гузашта таҳти назорати давлат омад, вале хушунатҳои пароканда дар ин ҷо то ҳол идома дорад.
XS
SM
MD
LG