Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳни шадиди Клинтон дар қиболи Исроил


Барномаи бунёди 1600 манзили нав дар Байтулмуқаддаси шарқӣ, ки давлати Исроил рӯзи сешанбеи 9-уми март эълом кард, мояи интиқодҳои тунди байналмилалӣ шудааст.

Амрико, Русия, СММ ва ИА – ҳамаи 4 узви “чоргонаи сулҳи Ховари Миёна” ин иқдомро маҳкум карда, гуфтаанд, вазъи пешомадаро дар нишасти ҳафтаи ояндаи худ дар Маскав баррасӣ хоҳанд кард.

Аммо ин дафъа бахусус лаҳни Амрико дар қиболи муттаҳиди суннатиаш дар минтақа ба таври бесобиқа тунд буд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар як гуфтугӯи тӯлонии телефонӣ бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бо як лаҳни шадид аз ин амал интиқод кард. Лаҳни Клинтон чунон тунд буд, ки Лигаи зидди тавҳин, як созмони ҳомии маноеъи Исроил дар Амрико, гуфт, аз гунаи Исроилро “мазаммат” кардани Клинтон мутаассир шудааст.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, тасмими Исроил ба сохтани шаҳракҳои нав барномаи маъмурияти раисҷумҳур Барак Обама ҷиҳати ташкили музокироти ғайримустақим миёни Исроил ва фалаластиниҳоро низ зери хатар мегузорад. Сабаби дигари қаҳри мақомоти амрикоӣ рӯзи эълони барномаи шаҳраксозии Исроил аст, зеро дуруст ҳамон рӯзи 9-уми март ноиби раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба хотири ба музокироти сулҳ ташвиқ кардани исроилиҳову фаластиниҳо вориди Байтулмуқаддас шуда буд. Ҳилларӣ Клинтон дар сӯҳбат бо телевизиони СНН ин эълонро ҳатто “таҳқиромез” номид. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ гуфт, Исроил бо ин амалаш пуштибонии чандинсола ва пайвастаи Амрико аз ин кишварро ҷиддан хадшадор кард.

Аммо Нетаняҳу гуфтааст, аз эълон шудани ин барнома дарак надошт. Ӯ афзудааст, тайи солҳои наздик дар ин минтақа чизе сохта нахоҳад шуд.

Вале мақомоти амрикоӣ мегӯянд, бо ин вуҷуд масъулияти эълони ин барномаи зиддунақиз бар дӯши Нетаняҳуст. Кровлӣ мегӯяд, фиристодаи Амрико дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл ва муовини вазири хориҷа Ҷеффрӣ Фелтман ба хотири ҳифзи раванди музокирот бо раҳбарони минтақа, аз ҷумла бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, як силсила гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом доданд. Қарор аст, Митчелл ҳафтаи оянда ба минтақа баргардад ва мақомоти амрикоӣ умедворанд, ки музокироти ғайримустақими байни исроилиҳову фаластиниҳо ба дунбол шурӯъ шавад.

Раҳбарони фаластиниҳо, ки мехоҳанд пойтахти давлати ояндаи худро маҳз дар шарқи Байтулмуқаддас бисозанд, аллакай таҳдид кардаанд, ки аз ин музокироти ғайримустақим, ки бояд таҳти васояти Амрико сурат бигирад, хориҷ хоҳанд шуд. Онҳо мутмаинанд, ки ҳадафи Нетаняҳу аз эълони барномаи шаҳраксозӣ дар Байтулмуқаддаси шарқӣ маҳз мамониат ба ҳамин музокироти сулҳ буд.
XS
SM
MD
LG