Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Убайдуллоев - номзади интихоботи Маҷлиси Миллӣ


Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси кунунии Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, дигарбора ба унвони номзад дар интихоботи қарибулвуқӯъи Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ шудааст.

Убайдуллоев, ки аз соли 2000 то кунун раисии Маҷлиси Миллиро бар ӯҳда дошт, пас аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, шахси дуюм дар кишвар маҳсуб мешавад. Ҳамакнун, бештари соҳибназарон мегӯянд, бешак ҷаноби Убайдуллоев дар ҳайати нави Маҷлиси Миллӣ мақоми пешини худро ҳифз хоҳад кард.

Номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоев ба вакилии Маҷлиси Миллӣ ҳамзамон аз сӯи маҷлисҳои вакилони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили
«Маҳмадсаид Убайдуллоев одами бонуфуз аст. Он одамоне, ки пешбарӣ шудаанд, албатта то ин дараҷа шинохта ва бонуфуз нестанд, ва баъид аст, ки ин вазифаро бар дӯш гиранд».
Сомонии шаҳри Душанбе пешбарӣ шудааст. Сафаралӣ Сатторов, мудири шӯъбаи ташкилии ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ, гуфт, вакилони маҷлиси ин ноҳия дар канори Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз номзадии Гулчеҳра Ғаниева, мудири мактаби шумораи 28 –и шаҳри Душанбе низ пуштибонӣ карданд. Аз сӯи дигар, Сайфиддин Раҷабов, раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукмати Исмоили Сомонӣ, низ гуфт, дар иҷлоси маҷлиси ин ноҳия бар иловаи Маҳмадсаиди Убайдуллоев, номзадии Маҳмадсаид Зубайдов, раиси корхонаи «Тоҷиксемент», низ ба унвони номзад ба интихоботи вакилони Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ гардидааст.

Бад ин тартиб, интихоботи вакилони Маҷлиси Миллӣ ба таърихи 25-уми март дар панҷ ҳавзаи интихоботӣ дар саросари кишвар сурат хоҳад гирифт, ки аз шаҳри Душанбе панҷ нафар тавассути раъйдиҳӣ интихоб хоҳад шуд. Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР, гуфт, аз се вилоят - Суғд, Хатлон ва Бадахшон, шаҳри Душанбе ва ҳамчунин аз 13 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ панҷ нафарӣ, ки дар маҷмӯъ 25 нафарро ташкил хоҳад дод, дар рӯзи 25-уми март зимни баргузории интихоботи Маҷлиси Миллӣ интихоб хоҳанд шуд. Ҳашт нафари дигарро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъин хоҳад кард.

Ҳамакнун, бештари соҳибназарон бар ин боваранд, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъ Маҳмадсаид Убайдуллоев пирӯз ва ба симмати раиси Маҷлиси Миллӣ пазируфта хоҳад шуд. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, мӯътақид аст, ки ҳеҷ гуна монеъа барои ин вуҷуд надорад, зеро «Маҳмадсаид Убайдуллоев одами бонуфуз аст. Он одамоне, ки пешбарӣ шудаанд, албатта то ин дараҷа шинохта ва бонуфуз нестанд, ва баъид аст, ки ин вазифаро бар дӯш гиранд».

Тибқи иттилои расмӣ Ғайбулло Афзал ва Қоҳир Расулзода, раисони вилоятҳои Хатлону Суғд низ ба унвони номзад ба интихоботи
«Бо дар назардошти вазъияте, ки имрӯз ҷомеа қарор дорад, тағйир хӯрдани раиси Маҷлиси Миллӣ аз эҳтимол дур нест».
вакилони Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ шудаанд.

Вале Давлати Усмон, таҳлилгари дигари тоҷик, мегӯяд, ин имкон вуҷуд дорад, ки дар даври сеюми фаъолияти Маҷлиси Миллӣ курсии раисӣ ба шахси дигаре насиб гардад, «бо дар назардошти вазъияте, ки имрӯз ҷомеа қарор дорад, тағйир хӯрдани раиси Маҷлиси Миллӣ аз эҳтимол дур нест».

Пас аз муаррифии номзадии Рустами Эмомалӣ ва пирӯзияш дар интихоботи маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ҳадсу гумонҳое низ дар миёни ҷомеа садо дод, ки гӯё ӯ курсии раиси Маҷлиси Миллиро ба даст хоҳад овард. Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, коршиноси маркази «Диалог» ин амрро дар шароити кунунӣ як андоза баъид медонад ва мегӯяд, «гумон намекунам, ки дар марҳалаи феълӣ масъалаи ба ҳайси ягон мақоми шоистаеро дар Маҷлиси Миллӣ ба фарзанди хеш қоил шудан матраҳ бошад. Ин барои дурнамо метавонад бошад, ки вакилии Маҷлиси Душанбе даричае аст аввалан барои расидан ба Маҷлиси миллӣ ва баъд ба қудрати воқеъӣ».

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Рустами Эмомалӣ ҳамакнун вакили маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб шудааст, имкон дорад, ки аз сӯи вакилони ин маҷлис номзадии ӯ ба интихоботи Маҷлиси Миллӣ низ пешбарӣ шавад. Зеро, бар асоси қавонини интихоботӣ, пешбарии номзадҳо ба интихоботи Маҷлиси Миллӣ то панҷшанбеи 18-уми март идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG