Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши маргталабона дар Своти Покистон


Бар асари таркиши интиҳорӣ дар шимолуғарби Покистон дастикам 10 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Сухангӯи артиши Покистон гуфт, маргталаб мошини бомбгузоришударо дар наздикии як посгоҳи амниятӣ дар минтақаи Свот тарконд.
Покистон соли гузашта дар пайи нақзи қарордоди оташбаси давлат бо Толибон алайҳи ҷангиён дар водии Свот амалиёти густардаеро ба роҳ андохтанд. Ин минтақа дар миёнаҳои соли гузашта таҳти назорати давлат омад, вале хушунатҳои пароканда дар ин ҷо то ҳол идома дорад.
XS
SM
MD
LG