Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқодҳои байналмилалӣ аз тасмими Исроил


Тасвиби тарҳи бунёди манозили нав дар Байтулмуқаддаси шарқӣ аз сӯи Исроил мавҷи интиқодҳои байналмилалиро ба бор овард. Амрико, Русия, СММ ва ИА – ҳамаи 4 узви “чоргонаи сулҳи Ховари Миёна” - гуфтанд, ки иқдомоти якҷониба – чӣ аз сӯи Исроил ва чӣ аз ҷониби фаластиниҳо – набояд ба натоиҷи музокироти сулҳ таъсир гузорад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, ки давлати ӯ бо ин иқдомаш “як паёми хеле манфӣ” фиристод. Исроил барномаи бунёди 1600 манзил дар Байтулмуқаддаси шарқиро рӯзи сешанбе тасвиб кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG