Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви ду номзади ҲНИ дар ҳавзаи Мӯъминобод


Масъулини ҳавзаи интихоботии Мӯъминобод дар арафаи даври дуввуми раъйгирӣ номзадии ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба вакилии маҷлиси маҳаллиро лағв кардаанд.
Котиби коммиссияи ҳавзавӣ Ҳалим Ҳамидов гуфт, ҳарду номзад ба далели доғи судӣ доштан аз сабқат берун карда шуданд.
Сафаралӣ Ҳусейнов, бародари муовини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ аммо гуфт, ин доғи судӣ аз парвандаи сиёсиест, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ алайҳи ӯ боз шуда буд.
ҲНИТ натоиҷи интихоботи ахири парлумониро “золимона” ва худро дар ин сабқат “мазлум” номид ва баъди интихобот ба нишони эътироз аз Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ шуд.
XS
SM
MD
LG