Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбарии номзадии М.Убайдуллоев ба Маҷлиси Миллӣ


Маҷлисҳои ду ноҳияи пойтахт – Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ - шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоевро номзад ба Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешбарӣ карданд. Убайдуллоев тайи ду давраи қаблии фаъолияти Маҷлиси Миллӣ низ раисии ин палатаи парлумонро бар дӯш дошт.
Қаблан маҷолиси вилоятии Суғду Хатлон руасои ин ду вилоят Қоҳир Расулзода ва Ғайбуллоҳ Афзалро ба вакилии Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ карданд. Шаҳрдори Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев низ аз ҷониби маҷлиси шаҳрӣ ба вакилии палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
25 нафар аз 33 вакили Маҷлиси миллиро маҷолиси маҳаллӣ ва 8 вакили боқимондаашро раисиҷумҳури Тоҷикистон пешбарӣ мекунанд. Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун раисиҷумҳури собиқ вакили умрбоди Маҷлиси Миллист.
XS
SM
MD
LG