Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмакҳои нави Ҷопон ба Тоҷикистон


Ҷопон ба манзури эҳдоси ду нирӯгоҳи хурд дар ноҳияҳои кӯҳистонии Рашт ва Роштқалъа ба Тоҷикистон 188 500 доллар кӯмаки билоиваз медиҳад. Сафири Ҷопон дар Душанбе Йошихиро Накаяма гуфт, иқтидори тавлидотии ин нирӯгоҳҳо 120 киловаттӣ буда, бунёди онҳо ба рафъи камбуди нирӯи барқ ба ҳудуди 3000 сокини ин манотиқ мусоидат хоҳад кард.
Ҷопон ҳамин тавр барои тармими мактабхонаҳои аз селу боришот тахрибшуда дар ноҳияи Панҷ 282 000 доллар ва барои тармиму таъмини ду мактаби дигар бо ашёи лозим дар ноҳияҳои Рашту Роштқалъа 186 000 доллар кӯмаки билоиваз ҷудо кардааст. Ҷамъи ёриҳои билоивази Ҷопон ба Тоҷикистон дар ҳудуди 16 миллион доллар баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG