Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадии ду узви ҲНИТ бекор шуд


Номзадии ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Маҷлиси ноҳиявии Мӯъминобод барои овоздиҳии такрорӣ бекор карда шуд. Яке аз ин номзадҳо бародари вакили тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва муовини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ мебошад.

Комиссияи ҳавзавии интихоботии ноҳияи Мӯъминобод Сафаралӣ Ҳусейнов, бародари Саидумар Ҳусайнӣ (муовини раиси ҲНИТ ва вакили порлумон аз ин ҳизб) ва узви дигари ҲНИТ Сӯҳроб Холовро ба овоздиҳии такрорӣ дар ду ҳавза ба вакилии маҷлиси маҳаллӣ роҳ надод. Овоздиҳии такрорӣ дар ин ду ҳазва ҳамакнун бидуни рақобат ва бо номзадии танҳо як нафарӣ қарор аст, ки фардо, рӯзи якшанбе, доир гардад.

Ҳалим Ҳамидов, котиби комиссияи ҳавзавӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими бекор кардани номзадони ҲНИТ пас аз пешниҳоди нома аз шӯъбаи корҳои дохилӣ ва амнияти ноҳия оид ба доғи судӣ доштани ин ду номзад гирифта шудааст.

Сафаралӣ Ҳусейнов, яке аз ин номзадҳо, доғи суд доштанашонро таъйид кард, вале гуфт, парвандаҳо алайҳи онҳо дар солҳои ҷанг боз шуда буд ва баъдан онҳо ҳамчун иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ афв шуда буданд. Ҳамчунин ӯ тааҷҷуб кард, ки дар интихоботи соли 2005, ҳарчанд онҳо пирӯз наомада буданд, чунин даъвоҳо пешниҳод нагардида буд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои маҷлиси маҳаллии Мӯъминобод 21 номзад пешниҳод карда буд, 19 номзад аз ин шумор дар интихобот мағлуб шуданд ва танҳо ба Сӯҳроб Холов ва Сафаралӣ Ҳусейнов муяссар гардид, ки интихоботро ба даври дуввум гузаронанд. Дар даври дуввум рақибони ин ду тан намояндагони мутаносибан ҲХДТ ва ҲКТ буданд, вале ҳамакнун овоздиҳии такрории фардо бидуни намояндагони ҲНИТ доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG