Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боришоти зиёд ва обшавии барф мунҷар ба рахна шудани ду обанбор дар вилояти Алмаато гардид ва дар натиҷа селоби шадид сабаби ҳалокати даҳҳо нафар ва осеб дидани ҳазорон кас шуд.



Наҷотбахшон дар деҳаи Қизилағаш ҷасади 21 нафар ҳалокшудагонро пайдо кардаанд.

Любов Шапошникова, корманди дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон дар сӯҳбат Озодӣ гуфт, боришоти зиёди борон ва обшавии барф обанбори воқеъ дар ноҳияи Оқсуро рахна кард ва дар натиҷа деҳаи Қизилағаш зери об монд ва 257 ҳавлӣ зарар дид.

Шумораи одамони осебдида болиғ аз 3 ҳазор аст. Дар байни онҳо ҳалокшудагон низ ҳастанд ва теъду шахсияти онҳо маълум карда хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи хонум Шапошникова, дар ҳамин рӯз дар деҳаи Ҷилибулоқи ноҳияи Қаратол низ сарбанд рахна гардида, селоби шадид ба 140 ҳавлӣ ва 840 кас зарар расонд.

Оебдидагон дар бинои мактабҳо ҷой дода шуданд. Алъон барои бартараф кардани оқибатҳои ин фалокат комиссияи ҳукуматӣ ташкил карда шудааст ва ба ҷои воқеа Карим Масимов, нахуствазири кишвар омадааст.

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба аҳли хонаводаи ҳалокшудагон изҳори тасаллият карда ва таъкид кардааст, ки албатта ба ҳамаи зарардидагон аз ҷониби ҳукумат ёрии моддӣ расонида хоҳад шуд.


Боридани барфи зиёд ҳамчунин дар шаҳри Алмаато ва атрофи он низ боиси кӯчидани дарахтони зиёд шуд ва дар баъзе ҷойҳо дарахтони решаканшуда роҳро банд кардаанд, вале касе зарар надидааст.
XS
SM
MD
LG