Пайвандҳои дастрасӣ

Дар селобҳои Қазоқистон 25 нафар ба ҳалокат расиданд


Илёс Бойаҳмадов-сухангӯи шаҳрдории Алмаатои Қазоқистон мегӯяд, баъд аз хароб шудани ду обанбор аз ҷорӣ шудани селобҳои шадид дар ҷануби Қазоқистон ҳудуди 25 нафар кушта шудаанд. Ҳазорон нафар аз маҳалли зисти худ ба ҷойҳои дигар кӯчонда шудаанд. Бориши шадиди борон ва об шудани барфҳо обанборҳои Оқсуй ва Қаратолро саршор ва рахна кардааст. Аз деҳи Оқсуй тақрибан 3000 нафар сокинон ва аз деҳи Қаротол 820 нафар ба ҷойҳои дигар кӯч дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG