Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Лоҳур шумораи кушташудагон ба 43 нафар расид


Ду бамгузори интиҳорӣ дар шаҳри Лоҳури Покистон 43 нафарро куштаанд, ки 10 нафари онҳо кормандони низомӣ будаанд. Пулис гуфтааст, 100 нафари дигар дар ин ҳодисаҳо ҷароҳат бардоштаанд. Ин ду инфиҷор дар фосилаи чанд сония аз ҳам рух додааст. Пулис мегӯяд, омилини ин инфиҷорҳо мошинҳои низомиро дар вақти пурбории ҳаракати нақлиёт ҳадаф қарор додаанд. Касе ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст. Моҳҳои ахир тундравҳо чанд дафъа Лоҳурро ҳадаф қарор додаанд. Рана Саноуллаҳ Хон-вазири адлияи аёлати Панҷоб дар Лоҳур мегӯяд, нишонаҳои инфиҷор аз он дарак медиҳад, ки инфиҷорҳо кори дасти тундравҳои исломист.
XS
SM
MD
LG