Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Тоҷикистон ба гузориши ҳуқуқи башари Амрико


Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба гузориши солонаи вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон вокуниш нишон дод. Давлат Назрӣ-сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд:

"Изҳороти аз ҷониби Штатҳои Муттаҳидаи Америка пахшшуда аз ҳамин қабил аст. Дар Тоҷикистон онҳо воқеият доранд ва худи фаҳмиши демократия ҳам, фаҳмиши арзишҳои демократӣ дар Тоҷикистон аз кишварҳои аврупоӣ фарқ мекунад. Барои ҳамин ҳангоми баҳогузорӣ ба вазъи Тоҷикистон аз ин нуктаҳо низ бояд сарфи назар карда нашавад".


Ҳар сол вазорати хориҷаи Амрико гузориши солонаи худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба нашр мерасонад. Соли ҷорӣ ин гузориш 190 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад. Дар гузориши кунунӣ вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG