Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

43 кушта дар инфиҷори Лоҳур


Дар ду ҳамлаи интиҳорӣ дар маҷмӯъ дар ин шаҳри шарқии Покистон, бештар аз 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бомбгузорон як ӯрдугоҳи низомиён дар шаҳри Лоҳурро ҳадаф гирифтанд, ки як маркази тиҷоратӣ ва фарҳангии Покистон маҳсуб мешавад. Тариқ Салим Дугар – сардори идораи пулиси вилояти Панҷоб, ки шаҳри Лоҳур маркази он аст, ба хабарнигорон гуфт, ҳамлаи ду бобмгузор дар фосилаи кӯтоҳи миёни ҳам ва нисфирӯзӣ сурат гирифтааст. Чоудрӣ Муҳаммад Шафиқ – як мақоми баландпояи Лоҳур ба хабарнигорон гуфт, ҳадафи бомбгузорон қароргоҳи сарбозони артиш будааст.

Ду ҳамла буд ва ҳар ду ҳам интиҳорӣ. Ҳамлаҳо дар маҳалли ӯрдугоҳи низомӣ ба вуқӯъ пайваста ва ҳадафи онҳо ҳам мошинҳои гаштзании нерӯҳои амниятӣ буд. Ҳарду ҳамла дар фосилаи 15 сония миёни ҳамдигар сурат гирифтанд. Мо сари бомбгузори маргталаби аввалро пайдо кардем.

Муҳаммад Шафиқ гуфт, теъдоди қурбониёни ҳамла меафзояд ва дар миёни онҳо шаш сарбоз ҳам будааст. Вазъи баъзе аз захмиёнро ҳам вахим арзёбӣ мекунанд ва интизор меравад, теъдоди қурбониён боз ҳам биафзояд.

Ба гуфтаи пулиси Покистон, бомбгузорон мошинҳои артишро дар маҳалле ҳадаф гирифтанд, ки қароргоҳи чанд ниҳоди амниятӣ аст. Шаҳри Лоҳур тайи чанд моҳи ахир борҳо мавриди ҳадафи тундравони исломӣ қарор гирифт.

Рӯзи 8 март бар асари бомбгузории интиҳорӣ дар қароргоҳи ниҳоди истихборотии пулис дар шаҳри Лоҳур дасти кам 13 нафар ҷон доданд. Толибони Покистон масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш гирифтанд, аммо масъулияти бомбгузориҳои рӯзи ҷумъаро то кунун гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ - вазири умури хориҷаи Покистон, зимни як баёнияе ҳамлаҳоро маҳкум намуда гуфт, “нахоҳанд гузошт, то терроризм ба аҳдофи шарири худ бирасад”.

Мақомоти Покистон мегӯянд, амалиёти нерӯҳои амниятӣ, ҷангҷӯёни Толиби шарики Ал-Қоида дар Покистонро заъиф кардааст, ки мехоҳанд, ҳукумати мардумии Покистонро сарнагун кунанд.

Бар асари амалиёте, ки аз соли гузашта шурӯъ шуд, Толибон дар Покистон заъиф шуда ва назорати қаламрави зиёдеро ҳам дар шимолуғарби кишвар аз даст доданд. Аммо ифротгароёни тамриндида ва пурҳаракати Покистон собиқаи пинҳон шудан дар шаҳру маҳалҳоеро доранд, ки ҳузури низомиён дар онҷо зиёд нест.

Саҷҷод Бҳутто – раиси ҳукумати шаҳри Лоҳур мардумро ба оромӣ даъват намуда ва қавл дод, ки аҳолиро муҳофизат хоҳанд кард: “Худованд моро муҳофизат мекунад ва рӯҳияи мо болост. Нерӯҳои пулис ва амнияти мо субот дар ин минтақаро муҳофизат хоҳанд кард. Мо ба тавсиаи шабакаҳои истихборотӣ ниёз дорем”.

XS
SM
MD
LG