Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои нахустин бор дар ноҳияи Фархор як соҳибкори маҳаллӣ корхонаи бофандагиеро бо номи «Фаррес» таъсис дода, 200 нафарро бо кор таъмин кардааст.

Шариф Ғаффоров, раиси ноҳияи Фархор мегӯяд, ҳукумати маҳаллӣ ин иқдоми соҳибкорро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.

Вай афзуд, қаблан кишоварзон ҳосили пахтаро дар шакли хом ва бо нархи арзон ба ширкатҳои хориҷӣ мефурухтанд. Вале бо шурӯи фаъолияти корхонаи нав деҳқонон метавонанд пахтаро ба ришта табдил дода, онро бо нархи қиматтар ба савдо гузоранд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ҷаноби Ғаффоров, ин корхона тасмим гирифтааст, теъдоди кормандонашро дар се моҳи оянда ба 700 нафар расонад.

Ноҳияи Фархор минтақаест, ки аксари аҳолии қобили меҳнаташ дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба сар мебаранд. Тибқи иттилои расмӣ, беш 10 ҳазор сокини ин ноҳия дар ҳоли ҳозир дар муҳоҷирати меҳнатиянд.

Корхонаи «Фаррес» дуввумин корхонаи риштабарорӣ дар минтақаи Кӯлоб мебошад. Корхонаи ресандагии «Кӯлоб-текстайл», ки аз замони Шӯравӣ фаъолият мекунад, ҳоли ҳозир ба мушкилоти ҷиддӣ дучор шудааст.

Масъулини «Кӯлоб-текстайл» мегӯянд, корхонаи онҳо бо барқи доимӣ таъмин набуда, пайваста қатъ шудани нерӯи барқ ба таҷҳизоти техникии корхона зарари ҷиддӣ расонидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG