Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама маблағи ҷоизаашро ба кӯмакҳои башарӣ медиҳад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба нақша гирифтааст, ки аз маблағи ҷоизаи Сулҳи Нобели худ 1 миллиону 400 ҳазор доллар ба донишҷӯён, хонаводаҳои собиқадорон ва бозмондагони зилзилаи Ҳаитӣ кӯмак мекунад. Обама дар як изҳорот гуфт, "ман ифтихор дорам, ки аз кори онҳо ҳимоят мекунам." Дар миёни ононе, ки аз ин кӯмак баҳраманд мешаванд, Пажуҳишгоҳи Осиёси Марказист, ки барои дастгирӣ аз таҳсили духтарон дар Покистону Афғонистон 100 000 доллар мегирад. Барак Обама моҳи декабри соли гузашта барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел шуда буд.
XS
SM
MD
LG