Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бамгузории Лоҳури Покистон 39 нафар кушта шуд


Гузоришҳои расида аз Покистон ҳокист, ки имрӯз дар натиҷаи бамгузориҳои интиҳорӣ дар шаҳри Лоҳур дасткам 39 нафар кушта, даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Пулис мегӯяд, омилини ин инфиҷорҳо мошинҳои низомиро дар вақти пурбории ҳаракати нақлиёт ҳадаф қарор додаанд. Касе ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст. Моҳҳои ахир тундравҳо чанд дафъа Лоҳурро ҳадаф қарор додаанд. Рӯзи душанбе дар назди яке аз биноҳое, ки нируҳои амниятӣ дар он кор мекунанд, дар як бамгузории интиҳорӣ 13 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG