Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия сафири Шветсияро ба вазорати хориҷа эҳзор кард


Имрӯз вазорати хориҷаи Туркия сафири Шветсия дар Анкараро ба вазорат эҳзор кард ва эътирози Туркияро ба вай супурд. Порламони Шветсия куштори арманиҳо дар солҳои ҳукмронии туркҳои усмониро қатли ом эътироф кард. Кристер Асп-сафири Шветсия баъд аз мулоқот гуфт, Стокҳолм бовар дорад, ки таърих барои арзёбӣ бояд ба таърихшиносон вогузор шавад, аммо сафир изҳор дошт, ки "равобити қаввии дӯстона" бо Туркия боқӣ хоҳад монд. Рӯзи панҷшанбе порламони Шветсия бо бартарии як рай куштори соли 1915-и арманиҳо ба дасти туркҳои усмониро "қатли ом" эътироф кард. Аммо Туркия "қатли ом"-ро комилан инкор мекунад.
XS
SM
MD
LG