Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15-ӯми март намояндаи БОР ба Тоҷикистон меояд


Бино ба гузориши "Азия-Плюс", 15-ӯми март Хуан Миранда-Мудири кулли бахши Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои як боздид вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Ҳадаф аз ин боздид мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбарони аршади ин кишвар арзёбӣ мешавад. Дар ин дидорҳо барномаҳои кӯмаки ин бонк ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Барномаҳои кӯмак ба бахшҳои энержӣ, нақлиёт ва рушди соҳибкории хусусӣ иртибот дорад. То ҳол Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд 560 миллион доллар кӯмак гирифтааст.
XS
SM
MD
LG