Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти эътрозӣ дар Паркенти Ӯзбекистон


Бино ба гузориши бахши ӯзбекии радиои Озодӣ, дирӯз тақрибан 150 нафар дар назди бинои шаҳрдории Паркенти вилояти Тошанди Ӯзбекистон бар зидди боздошти Азамат Ёқубов-яке аз фаъолони маҳаллӣ тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд. Олим Ҳасанов- яке аз ширкаткунандагони тазоҳурот ба радиои Озодӣ гуфт, Ёқубов хостааст ба деҳи ҳамсоя лулаи газ бикашад, вале додситонӣ вайро барои аз худ кардани тақрибан 2 500 доллар муттаҳам кардааст. Ин пуле будааст, ки аз аҳолии маҳал ҷамъ овардаанд. Яке дигар аз ширкаткунандагони тазоҳурот гуфтааст, Ёқубов барои фаъолияташ дар бахши ҳуқуқи башар боздошт шудааст. Ин тазоҳуркунанда афзудааст, додситон ба онҳо гуфтааст, ки агар тазоҳуркунандагон ба тазоҳурот хотима надиҳанд, онҳоро ба зиндон хоҳанд андохт.
XS
SM
MD
LG