Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» нахуст сӯҳбате дорем бо Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада, сардори шӯъбаи равобити хориҷии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Сипас дар ин барнома ҳамкасбону шогирдон хотироти худро дар бораи аввалин олимпичии тоҷик, мураббии саршинос Иброҳим Ҳасанов, ки бар асари ҳамлаи қалбӣ дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт, нақл мекунанд.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми Рустам Долтабоев оид ба футбол дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ ҷараён дорад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Ҳосилот»-и Фархор, ба гурӯҳи «Б» - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Энергетик»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб ва мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон шомиланд. Бар асоси низомномаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи душанбеи 15-уми март дар варзишгоҳи ба номи Сафарбек Каримови ноҳияи Хуросон баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд. Вале дар ин мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев дар соли 2009, ширкат надорад. Зеро ин даста 11-уми март ба Туркия сафар кард. Меҳмони барнома Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими «Истиқлол», дар бораи ҷамъомади таълимию тамринии дастаи «Истиқлол», ки дар шаҳри Анталияи Туркия то рӯзи 24-уми март идома хоҳад кард, иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин дар ин барнома хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш мешаванд.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG