Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ҳини боздид аз Покистон гуфт, Исломобод дар музокироти сулҳи Кобул бо гурӯҳҳои ошӯбгар метавонад нақши муҳим дошта бошад.

Дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ ӯ ҳамчунин гуфт, ки сулҳу оромӣ дар Афғонистон бидуни Покистон ва бидуни ҳамкорӣ бо ин кишвари ҳамсоя ғайримумкин аст.

Ӯ афзуд, “ман мутмаинам, ҳарду кишвар иқрор мекунанд, ки дар рӯ ба рӯи як хел таҳдидҳо қарор доранд. Ва ин моро барои сарнавишти кишварҳои худ ва наслҳои оянда масъул месозад. Мо таҳдидҳоро мебинем ва барои аз байн бурдани онҳо, нобуд сохтани онҳо дар кишварҳоямон талош меварзем ва барои эътидолу сулҳ дар ҳарду кишвар ҳамкорӣ мекунем”.

Раисиҷумҳури Афғонистон дар дидору гуфтугӯ бо мақомоти Покистон талош кард онҳоро мутмаин созад, ки Кобул ба Ҳиндустон иҷоза нахоҳад дод, то аз қаламрави Афғонистон барои муқовимат бо Покистон истифода барад.

Ҳомид Карзай дар ин нишасти хабарӣ дар Исломобод гуфт, ки Афғонистон намехоҳад, ба саҳнаи мубориза барои нуфузи сиёсӣ миёни кишварҳои ғарбӣ ва минтақаӣ табдил шавад.

Карзай изҳор намуд, ки “Афғонистон хостори бархурди манфиатҳо дар қаламрави худ нест. Мо на хостори муқовимати Ҳиндустону Покистон дар Афғонистонем ва на баҳси миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида. Афғонистон намехоҳад, ки кишвари бузург ё хурд, наздик дур фаъолияти худ алайҳи дигар давлатро дар Афғонистон ба роҳ монад”.

Ин изҳороти Карзай ба думболи он пахш шуд, ки ин ҳафта Эрон ва ИМА ҳамдигарро дар “бозии дугона” дар низоъ дар Афғонистон айбдор карданд. Рӯзи чаҳоршанбе раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод зимни сафараш ба Кобул аз ҳампаймонҳои ғарбии Афғонистон интиқод кард ва, аз ҷумла, гуфт, ки на Теҳрон, балки Вошингтон дар Афғонистон “бозии дугона”-ро ба роҳ мондааст.

Ҷустуҷӯи Мулло Бародар

Ба гуфтаи коршиносон, ҳадафи аслии сафари ахири Карзай ба Исломобод розӣ сохтани Покистон барои истирдоди яке аз раҳбарони ҷунбиши “Толибон” Мулло Абдулғанӣ Бародар ба Кобул аст.

Мулло Бародар моҳи гузашта дар шаҳри Қарочии Покистон боздошт шуда буд. Юсуф Ризо Гелонӣ пуштибонии Исломобод аз Афғонистонро эълом дошт ва аммо дар робита ба эҳтимоли истирдоди Мулло Бародар гуфт, ки ҳалли ин мушкил саҳл нест, зеро моҳи гузашта Додгоҳи олии Покистон дар бораи манъи истирдоди раҳбарони боздоштшудаи Толибон ҳукми содир карда буд.

Ӯ афзуд, “мо сохтори додгоҳии мустақил дорем ва он басо фаъол аст. Мо бо коршиносони масоили додрасӣ машварат мекунем, ҳамроҳ бо онҳо сари баррасии ин мавзӯъ менишинем ва баъдан бо ҷаноби раисиҷумҳур Карзай сари ин қазия бармегардем”.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Исломобод ва Кобул дар мавриди эҳёи Ҷиргаи сулҳ ҳангоми мулоқоти Карзай ва ҳамтои покистонияш Осиф Алӣ Зардорӣ ба мувофиқа расиданд. Интизор меравад, ки Ҷиргаи сулҳ баъд аз нишасти шӯрои раҳбарони қабоили Афғонистон баргузор шавад, ки қарор аст рӯзи 29 апрел доир гардад.

Дар ин нишаст тарҳи ҳукумати Афғонистон барои мусолиҳа бо Толибони аз хушунат дастбардошта баррасӣ хоҳад шуд. Қарор аст Лояи Ҷирга бо нишасти сарони ду кишвар дар Исломобод доир шавад. Нахустин Лоя Ҷирга бо ширкати сарони қабоили ду кишвар соли 2007 дар Кобул баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG