Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи инсон дар ошӯбҳои Афғонистон


Ошӯби рӯзафзун дар Афғонистон имкониятҳои ҳукумати марказиро ба идораи тамоми кишвар шадидан латма задааст, гуфта мешавад дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон. Дар ин санад гуфта мешавад, нахустин интихоботи пурсабқати кишвар бо мудохила аз тарафи ошӯбгарон ва ҳамчунин иттиҳомоти хилофкориҳои густарда рӯбарӯ шуд. Ширкати мардум заъиф ва шароит барои раъйдиҳии занон бад буд. Ҳатто бе назардошти интихобот низ, гуфта мешавад дар санад, вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон рӯ ба таназзул дорад, бавижа дар риштаи адлия. Озодии матбуот ва дин низ танқид шуда, хушунат ва бадрафторӣ бо занон, ҷабри ҷинсӣ ба кӯдакон ва қочоқи инсон
XS
SM
MD
LG