Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Эрон озодиҳо рӯ ба нестӣ доранд


Собиқаи бади Эрон дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар соли 2009 бадтар шуд. Гуфта мешавад дар гузориши нави Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида дар бобати вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон. Он ба интихоботи 12-уми июн ангушт мегузорад, ки бо вуҷуди шубҳаи бисёре аз эрониҳо Маҳмуди Аҳмаднажод дубора раисиҷумҳур интихоб шуд. Дар гузориш гуфта мешавад, ҳукумат ҳуқуқи шаҳрвандонро ба норозигӣ аз натиҷаҳои интихобот шадидан маҳдуд карда, бисёре аз норозиёнро дар додгоҳҳои ноодилона ҷазо додааст. Вазъи маҳбусон ва боздоштшудагон, саркӯб шудани ҳомиёни ҳуқуқ, ақаллиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ ва ҳаракати донишҷӯӣ аз нукоти дигари гузориш дар робита ба Эронанд.
XS
SM
MD
LG