Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуқуқи башар дар Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон


Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида дар гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башар мегӯяд, интихоботи президентии Қирғизистон дар соли гузашта саршор аз "монеагузорӣ ба аҳзоби мухолиф, тарсдиҳӣ, хилофкориҳо дар райъдиҳӣ ва истифодаи захираҳои давлат ба хотири манифатҳои муайяни сиёсӣ" буд. Узбакистон низ дар ин гузориш барои нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, саркӯбии дигарандешӣ ва маҳдуд кардани озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ мавриди танқид қарор гирифтааст. Он дар мавриди Туркманистон аз баъзе беҳбудҳои миёна хабар дода, ба идомаи маҳдудияти озодии сухан, матбуот, ҷамъомад ва ташкилот, ҳамчунин манъи ҷавонон аз таҳсил дар хориҷа таъкид кардааст.
XS
SM
MD
LG