Пайвандҳои дастрасӣ

Мийатович - намоядаи нави САҲА оид ба озодии матбуот


Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) намояндаи Боснӣ ва Ҳерсеговина Дуня Мийатовичро намояндаи худ дар умури озодии матбуот таъин кард. Ӯ коршиноси масоили ҳуқуқии фаъолияти расонаҳои хабарист. Мийатович дар ин мақом Миклош Ҳарастиро иваз мекунад, ки ваколаташ ҳамин моҳ ба поён мерасад.
Хабарнигори тоҷикистонӣ Олег Панфилов яке аз номзадҳо ба мақоми намояндаи САҲА дар умури озодии баён буд. Номзадии ӯ аз сӯи Гурҷистон пешбарӣ шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG