Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносон мегӯянд, мавзӯи аслии сафари Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷии Тоҷикистон ба Остона ва мулоқоти ӯ бо мақомоти Қазоқистон баррасии масоили обу энержӣ ва муносиботи ноҳамгуни минтақаӣ будааст.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон тайи ду рӯзи гузашта дар Остона, пойтахти Қазоқистон бо мақомоти ин кишвар, аз ҷумла бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳур дидор ва мулоқот намуда, маҷмӯъи масоили ҳамкориҳои ду кишвар, инчунин масоили минтақаии марвиди алоқаи Душанбе ва Остонаро баҳсу баррасӣ кардааст.

Расул Ҷумъалӣ, сиёсатшиноси қазоқ мегӯяд, алъон кишварҳои минтақа дар масъалаи ҳамгироӣ, эътимод ва ҳамкориҳои дуҷониба давраи на чандон хуберо аз сар мегузаронанд ва байни кишварҳо,масалан, байни Ӯзбакистон бо кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳатто Қазоқистон мушкилоти зиёде мавҷуданд.

Вале дар минтақа муносибати байни Қазоқистону Тоҷикистон ҳам дар сатҳи руасои ҷумҳур ва ҳам дар дигар сатҳҳо хуб аст. Яъне, Қазоқистон тибқи имконоти хеш Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад ва Тоҷикистон ба чунин муносибати гарм Қазоқистонро дар мавриди ибтикороти ҳамгароии ин кишвар ҷонибдорӣ менамояд.

Аз ин хотир масъалаи обу барқ ва бунёди неругоҳи Роғун, албатта мавриди баррасӣ қарор гирфтааст. Ин дар ҳолест, ки сафари раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Ӯзбакистон қарор аст анҷом шавад.

Вале ба андешаи Булот Аулбеков, корманди Пажӯҳишгоҳи истротежии Қазоқистон кишвараш гумон аст, ки ба ин масъала дахолат кунад, зеро вай қаблан бунёди консорсиуми истифодаи обу барқро ба миён гузошта буд, вале он ҷонибдорӣ наёфт ва акнун Остона намехоҳад, ки ба баҳси ду кишвар дар масъалаи бунёди Роғун ҳамроҳ шавад.

Оқои Аулбеков мегӯяд, «хуб мешуд ҳам Қазоқистон ва ҳам Ӯзбакистон дар ин тарҳ ширкат мекарданд, вале Ӯзбакистон дар ин робита мавқеъ ва назари хешро дорад ва пажӯҳиши байналмилалиро мехоҳад ва Қазоқистон гумон аст, ки ба ин баҳс ҳамроҳ шавад, зеро агар Қазоқистон як ҷонибро дастгирӣ кунад, Ӯзбакистон норозӣ мешавад, агар ҷониби дигарро бигирад, Тоҷикистон нороҳат мешавад. Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбакистон барои Қазоқистон кишварҳои муҳим маҳсуб мегарданд”.

Вале сиёсатшинос Дос Кошим чунин фарзия мекунад, ки мулоқот шояд ду ангеза дошта бошад, яке талоши Қазоқистон барои аз сар гирифтани бунёди Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигаре ба Иттиҳоди гумрукӣ ҷалб кардани Тоҷикистон.

Зеро анқариб ду сол аст, ки муносиботи Каримов ва Назарбоев дар ҳоли бад қарор дорад ва ба андешаи Дос Кошим Назарбов бозии хешро идома медиҳад, то Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказиро бисозад ва чун ҳоло кишвар сарварии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро соҳиб шудааст, акнун Назарбоев аз паи ин кор хоҳад шуд.

Оқои Кошим мегӯяд: «Путин аз Назарбоев дархост кардааст, ки боз чанд кишварро ба Иттиҳоди гумрукии Белорус, Русия ва Қазоқистон ҷалб намояд. Зеро Русия мехоҳад тавассути ин иттиҳод, ҳадди ақал, мавқеи баъди суқути шӯравӣ аз даст додаашро барқарор созад. Иттиҳоди гумрукӣ дар ин роҳ гоми нахустин мегардад ва баъди ба он пайвастани Қирғизистону Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар имкон дорад, конфедаратсиюне бо сарварии Русия бунёд созанд».
XS
SM
MD
LG