Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати се сокини осоишта дар таркише дар Пешовар


Ба асари таркиш дар шимолу ғарби Покистон се сокини осоишта, аз ҷумла, як тифли хурдсол, ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар шаҳри Пешовар як маргталаб таҷиҳзоти таркандаро қабл аз вақт мунфаҷир кард. Ба иттилоъи полис, ҳадафи маргталаб - корвони мошинҳои низомӣ буд, ки аз маркази Пешовар убур мекард.
Мақомоти Покистон масъулияти ҳамларо бар дӯши толибон ва мусаллаҳони ҷунбиши “Ал-Қоида” гузоштанд. Шурӯъ аз соли 2007 ба ин сӯ бар асари таркишҳо дар Покистон беш аз 3 ҳазор нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG