Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро хованодаҳо аз ҳам мепошанд?


Агар дар ду моҳи авали соли ҷорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа наздик ба 100 ҷуфти нав ба ҳам хонадор шуда бошанд, шумори ҷуфтҳои азҳампошта ба 16 расидааст. Яъне чунин хулоса мешавад кард, ки мизони азҳампошии оилаҳо дар Қӯрғонтеппа имсол ба 20 дарсад наздик шудааст.

Мурод Сангинов, сокини 25-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, сабаби аслии вайроншавии оилаи ҷавони ӯ адами ҳамдигарфаҳмӣ ва бидуни шиносоии дурусти қаблӣ ба ҳам омадани ӯву ҳамсараш мебошад.

«Агар дар оила якдигарфаҳмӣ набошад, оиладорӣ он қадар давом намекунад ва зуд вайрон хоҳад шуд. Ман аз ҳамсолонам, ҷавононе, ки мехоҳанд оиладор шаванд, даъват мекунам, ки аввал хуб андеша кунанд, номзади худро шиносанд, пешакӣ мулоқот кунанд ва бубинанд, ки то куҷо ба ҳам мувофиқ ҳастанд. То ки иштибоҳи бандаро такрор накунанд…»

Ба гуфтаи Мурод, набуди муҳаббат як иллати аслии азҳампошии натанҳо оилаи ӯ, балки хонаводаи ду дӯсташ ҳам шудааст. Вай таъкид мекунад, ки сарфи назар аз пешрафти ҷомеа ва зиндагӣ дар асри нав, ҳанӯз ҳам мавориди издивоҷи иҷбории ҷавонон аз сӯйи волидон ба мушоҳида мерасад, ки худи ӯ қурбони як чунин издивоҷи номуваффақ шудааст.

Мурод Сангинов яке аз 16 ҷуфтест, ки дар соли ҷорӣ аз ҳам расман ҷудо шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ду моҳи аввали имсол дар Қӯрғонтеппа наздик ба 100 ҷуфти нав ба ҳам хонадор шудаанд. Яъне чунин хулоса мешавад кард, ки мизони азҳампошии оилаҳо дар Қӯрғонтеппа имсол ба 20 дарсад наздик шудааст.

Маърифат Навкарова, мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қӯрғонтеппа, дар шарҳи сабаби афзоиши мавориди ҷудошавии оилаҳо мегӯяд: «Сабаби ҷудошавии оилаҳо вобаста ба ҳолатҳо гуногун аст. Аввалан, иродаи сусти ҷавонон, дигар, мустақил набудани онҳо, саввум ин ки баъзан падару модар ба ҷойи ин ки фарзандони худро насиҳат кунанд ва барои мустаҳкамсозии муносиботашон мусоидат кунанд, роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳанд, баръакс пуштибонӣ мекунанд; писардор тарафи писарашро ва духтардор тарафи духтарашро мегирад, бо ҳам оилаҳо ҷанҷол мекунанд. Дар ниҳоят созиш, ки нест, ҷавонон зери таъсири пайвандон аз ҳам ҷудо мешаванд».


Аммо Мавҷигул Ҳасанова, сокини Қӯрғонтеппа, модари чаҳор фарзанд, мегӯяд, волидон ҳамеша дар тало шва орзуи онанд, ки фарзандои худро хушбахт бубинанд ва мебояд дар интихоби арӯс назари волидон ҳам шунида шавад: «Фарзанди калониам интихоби арӯсро бар дӯши ман гузошт. Хушбахтона, имрӯз соҳиби ду фарзанд асту оилаи тифоқ дорад. Афсӯс, ки бахт ба рӯйи писари дуюмии ман нахандид. Пас аз 7 моҳи оиладорӣ, 7 моҳи хушбахтиҳо байни ҷавонон норизогию нофаҳмиҳо ба миён омаду ин шӯру исён онҳоро аз ҳам ҷудо кард. Сабаб ин буд, ки келин аз хонадони сарватманд буд ва нописандиву беҳурматиаш нисбати шавҳар, ба каму беши зиндагӣ, муҳити оилаи нав тоб наоварданаш шавҳарро дилсард гардонд. Дар бобати бекор кардани никоҳ модари арӯс аввалан талаби ҷиҳоз карду пас он қатъиян талаб намуд, ки расману шариатан ҷавоби духтарашро диҳад».

Ва аммо бар асоси таҳлилу мушоҳидаҳои Ӯлмасой Раҷабова, сарвари маркази солимии шаҳри Қӯрғонтеппа, иллати аслии азҳампошии оилаҳо камтаҷрибагӣ ва ноомодагии ҷавонон ба зиндагии мустақил аст: «Ҳоло зиёд мушоҳида мешавад, ки духтаронро дар 17-солагӣ шавҳар дода, писаронро дар 19-солагӣ зан медиҳанд. Ин аслан мумкин нест. Ҷавонони имрӯза эрка тарбият шудаанд ва ба мушкилоту печутобҳои зиндагӣ тобовар нестанд. Ин аст, ки бо сабаби кадом як муноқишаҳои хурд, ки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ҳаллашон имконпазир аст, оилаҳои ҷавон пароканда мешаванд…»

Ба ҳамин монанд, никоҳи хешутаборӣ, безурётии зан ё шавҳар, нашъмандӣ ва камбизоатӣ низ аз сабабҳои аслии азҳампошии оилаҳо хонда мешавад. Аммо коршиноси масоили гендерӣ Латофат Чориева мегӯяд, ҳамакнун тамоюли аз тариқи телефон ё паёмҳои смс-ӣ талоқ гирифтани заноне ба мушоҳида мерасад, ки ҳамсаронашон дар муҳоҷирати корӣ, дур аз хонаводаи худ ҳастанд:

«Вақтҳои охир зиёд шудаанд чунин мавридҳо, ки занон аз шавҳарони солҳо ё моҳҳо дар муҳоҷиратбудаи хеш тариқи телефон талоқ мегиранд. Ва бо кӯдакон танҳо мемонанд. Ман дар таҷрибаи кори худ бисёр мардонеро медонам, ки дар кишвари муҳоҷират оилаҳои нав барпо карда, аз зану фарзандони худ дар Тоҷикистон фаромӯш мекунанд, онҳоро аслан таъмин намекунанд, нисбаташон бетафовут шудаанд…»

Ва аммо талоқ ва азҳампошии оилаҳо чӣ пайомаде барои ҷомеа дошта метавонад? Иддае аз соҳибназарон мегӯянд, бо гирифтани талоқ мушкилоти зиндагӣ барои аксари кулли занон дучанд меафзояд. Бештар занон ва кӯдакон пас аз ҷудошавии зану шавҳар бо нодорӣ рӯ ба рӯ шуда, вазъи иҷтимоияшон заиф мегардад. Рӯзноманигор Сайраҳмон Назриев дар ин иртибот мегӯяд: «Талоқ, барои зан ҳамрадифи ҷазо аст. Таҳдиди талоқ аз ҷониби шавҳар аз як тараф, аз тарафи дигар бисёр вақт занро маҷбур месозад то ҳама азоб, фишор ва нобаробариро дар оила сабурона таҳаммул кунад. Зане, ки оилавайрон шудааст, пеши назари шарқиёнаи мо симоеро мемонад таҳқирёфта, дасткӯтоҳу ҳуқуқу манфиатҳояш поймолшуда. Лекин баъд аз талоқ занро чунин як эҳсосот фарогир аст, ки дигар такягоҳе надорад. Масъулияти таъмини оила ва тарбияи кӯдак зани аз шавҳар ҷудошударо боз ҳам ҷасуртар мегардонад».

Бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши мавориди азҳампошии оилаҳо, масъулини идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қӯрғонтеппа мегӯянд, зарурати бознигарии қонун, ки никоҳро аз 17-солагӣ раво медонад, ба миён омадааст. Ҳамчунин, ба иддаои ниҳоди мазкур, қабл аз никоҳ ҳамсарон миёни ҳам бояд як қарордоди муштараки издивоҷ банданд ва ин санад аз сӯйи мақомоти зидахли давлатӣ ба қайд гирифта шавад.

Мақомот умед доранд, ки дар сурати ингуна афзоиш додани масъулияти навхонадорон, эҳтимоли азҳампошии оилаҳо метавонад то ҷое коҳиш биёбад.
XS
SM
MD
LG