Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парҳез аз кадом мавзӯьҳо беҳтар аст?


Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустам
Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустам

Чопи матолиб дар бораи зиндагӣ ва кори шахсиятҳои аввали давлат, хонаводаи онҳо ва афроди наздик ба ин мақомот аз мавзӯҳои мамнӯъи матбуоти тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин чанд мавзӯъи дигаре низ ҳаст, ки матбуот ва расонаҳо дар маҷмӯъ аз матраҳ кардани он парҳез кардаанд ва ё ҳади ақал бо эҳтиёт ба он ишора мекунанд.

Яке аз он тавофуқи миёни Тоҷикистон ва Чин аз соли 2002 дар мавриди ба истилоҳ ҳалли баҳсҳои марзи миёни ду кишвар аст. Мухолифони давлати Тоҷикистон иддаъо доранд, ки бар асоси ин тавофуқ Тоҷикистон бахше аз заминҳояшро ба ихтиёри Чин вогузор кардааст. Аммо аз он ҷо ки ин тасмим боз ҳам ба шахсиятҳои аввал бар мегардад, матбуот ба сурати мустақим аз он ёдовар намешавад.

Масъалаи дигар эъломияи оидоти маснабдорон аст, ки чандин навбат худи раиси ҷумҳур хостори нашри ин эъломияҳо ва ошкор кардани дороиҳои мансабдорон шуд. Аммо то кунун на худи раиси ҷумҳур ва на масабдорони дигар зинаҳо ҳозир ба нашри чунин маълумоте дар матбуот нашудаанд матбуот низ аз гуфтани он худдорӣ мекунад.

Ва ниҳоят, як мавзӯъи дигаре, ки ба тадриҷ ба мавзӯъи мамнӯъ табдил мешавад, сохтмони Роғун аст. Дар ибтидо бархе аз нашрияҳо ба сурати ошкор аз навҳаи бархурди мақомот дар ҷамъоварии воситаҳо барои ин сохтмон интиқод мекарданд, аммо бо шиддат гирифтани тадбирҳои ҳукумат барои ҷалби бештари мардум ба ин кор, матбуот ҳамчунон дар ин маврид низ бештар муҳофизакор шудааст.

Расонаҳои расмӣ дар бораи роҳбарони сатҳи аввал танҳо гузоришу матолиби таърифӣ чоп мекунанд, вале матбуоти мустақил бо чопи ахбори фишурдаи расмӣ иктифо меварзанд.

Аммо гузориш ва матолиби муфасалли таҳлилву таҳқиқӣ дар бораи ин ашхос ба нашр намерасад. Чаро матбуот дар бораи онҳо чизеро, ки хонанда мехоҳад бидонад, наменависад? Ва оё миёни расонаҳо ва мақомоти сатҳи аввал кадом мувофақа ба даст омадааст, ки аз бозтобу инъикоси ин мавзӯъҳо иҷтиноб меварзад?

Рустам, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чеҳраҳое аст, ки тайи ду соли ахир дар бораи ӯ ахбору иттиллоъ дар расонаҳо зиёд ба нашр мерасад. Дар бораи хоҳари ӯ Озода, низ ки ҳоло муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон аст, сару садо кам нест.

Аммо матолибе, ки дар расонаҳо чоп мешавад ба гуфтаи як хонандаи нашрияҳо қонеъкунанда нест.

Ин хонандаи рӯзномаҳои чопи Душанбе мегӯяд, ҳар ончизе, ки нашрияҳо навиштаанд дар доираи иттиллои хушку расмӣ боқӣ мондааст, вале ӯ бисёр мехоҳад, бидонад, ки чаро маҳз Рустам муовини раиси СҶТ ва вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе шудаасту ҷавони дигаре не?

Оё ин роҳро худи ӯ интихоб кардааст ва ё ин хоҳиши волидони ӯ махсусан падараш аст?

Аммо на танҳо Рустам ва хонаводаи падари ӯ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки расонаҳои тоҷикӣ аз бозтоб ва инъикоси зиндагиву кори онҳо парҳез мекунад.

Ҳамчунин навиштан дар бораи Раиси Маҷлиси миллӣ ва хонадону наздикони ӯ низ аз мавзӯъҳои мамнӯъи матбуоти тоҷик аст, ки бо вуҷуди фаровонии шоеъаву сарусадоҳои мухталиф дар бораи шахсияти ӯ ва бастагонаш таваҷҷӯҳи матбуотро ба худ намекашад.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи мустақили «Озодагон» мегӯяд, ду омили боис шудааст, ки ба кору зиндагии мақомоти сатҳи аввал, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмадсайид Убайдуллоев, ба хусус зиндагии хонаводагии онҳо, таваҷҷӯҳ нашавад. Яке аз ин омилҳо набуди ҷуръат ва ҷасорат дигар камбуди маблағ мебошад. Зеро барои дақиқ ва мушаххас кардани як овоза ва ё сарусадо ҳам вақт ва ҳам хароҷоти зиёд дозим аст.

Аммо бархе аз коршиносон бар ин андешаанд, ки миёни муассисони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ва доираҳои расмии сатҳи боло як навъ мувофақаи нонавиштае вуҷуд дорад, ки расонаҳо набояд дар бораи онҳо матолиб ва махсусан матолиби интиқодӣ ба нашр расонанд.

Ва як шарти ҳузури онҳо дар саҳна низ парҳез кардан аз инъикоси кору фаъолияти ин афрод аст.

Созиши нонавишта?

Аммо Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» вуҷуди кадом мувофиқаро бо мақомот дар ин заминаро рад кард. Оқои Атовулло гуфт, ки парҳез аз нашри матолиби интиқодӣ ва арзёбии густардаи фаъолияти роҳбарони аввали кишвар ба вуҷуди маҳдудиятҳои қонунӣ бастагӣ дорад. Вай гуфт, ки баъзе аз моддаҳои Қонуни ҷиноӣ имкон медиҳад, ин навиштаҳо ҳамчун таҳқиру тӯҳмат тафсир шавад, ки рӯзноманигорро бо мушкил рӯбарӯ мекунад.

Аммо Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки худи рӯзноманигорон ҷуръат ва ҷасорат надоранд. Ба ақидаи Сӯҳроб Шарифов ин рисолати хабарнигор ва расонаҳо аст, ки ҷомеаро бо иттиллое, ки мехоҳад таъмин кунад. Ва раиси ҷумҳур ва ё раиси Маҷлиси миллӣ ҳеҷ гоҳ нагуфтаанд, ки дар бораи онҳо матбуот чизе нанависанд.

Вале як нафар аз масъулони нашрияҳои мустақил, ки нахост номаш бурда шавад гуфт, ки онҳо ба ҳангоми таҳрири мавод ва ё матолибе, ки нуктаҳои танқидӣ дорад, ҳадди талош мекунанд, шахсияти мушаххсаро не, балки ҳукумат ё мақомтро дар маҷмӯъ мухотаб қарор медиҳанд. Ва хонанда ба фаросати худаш дар хоҳад ёфт, ки манзур чи аст.
XS
SM
MD
LG