Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз тасмими Исроил


Тасмими ҳукумати Исроил барои бунёди садҳо манзили нав дар минтақаи яҳудинишини Байтулмуқаддаси шарқӣ ҳадафи интиқоди як идда кишварҳо қарор гирифт. Вазорати умури хориҷаи Туркия изҳор намуд, ки ин тасмим хостори ҳалли мусолиматомези қазияи Ховари Миёна будани Исроилро зери шубҳа мебарад. Русия тасмими Исроилро "ғайри қобили қабул" номид ва изҳор намуд, ки он хилофи созишҳои то имрӯз ҳосилшуда дар робита ба рафъи низоъ дар Ховари Миёна аст. Аз ин пеш Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, ки сафараш ба Ховари Миёна ба эълони бунёди манозили нав дар Байтулмуқаддаси шарқӣ рост омад, аз таҳдиди аз байн рафтани эътимод ба ҳамдигар дар роҳи эҳёи музокирот миёни Исроил ва Фаластин ҳушдор дода буд.
XS
SM
MD
LG