Пайвандҳои дастрасӣ

Николай Азаров нахуствазири Украина шуд


Имрӯз парлумони Украина Николай Азаровро дар мақоми нахуствазири кишвар пазируфт. Ба ҷонибдории ӯ 242 вакили парлумон раъй доданд. Номзадии Азаров аз сӯи эътилофи тозатаъсиси “Эътидол ва ислоҳот” пешбарӣ шуда буд, ки ба он 235 вакил аз Ҳизби минтақаҳо, Ҳизби коммунист, Иттиҳодияи Литвин ва гурӯҳи вакилони мустақил шомил шудаанд.
Раисиҷумҳур Виктор Янукович сафири Украина дар Русия Константин Гришенкоро ба мақоми вазири умури хориҷа ва фармондеҳи пешини нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии кишвар Михаил Ежелро ба мақоми вазири дифоъ пешбарӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин пешниҳод намуд, ки Валерий Хорошковский раиси Хадамоти амниятии Украина таъин шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG