Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Украина номзадии Микола Азаров, собиқ вазири молия ва муттафиқи наздики президенти тозаинтихобшуда Виктор Януковичро дар мансаби сарвазир тасдиқ кард.

Дар паи ташкили эътилофи нави ҳоким порлумони Украина Микола Азаровро сарвазири нави ин кишвар интихоб кард. Шореҳон мегӯянд, президенти тозаинтихобшудаи Украина Виктор Янукович дар аввалин рӯзҳои раёсатҷумҳуриаш раҳбарони инқилоби норанҷии соли 2004-умро барканор намуда, зимоми қудратро ба дасти худ гирифтааст.

Дар паи эълони пирӯзии Виктор Янукович дар интихоботи президентии Украина раисҷумҳури тозаинтихоб шуда ба зудтарин фурсат саъй намуд, зимоми қудратро ба дасти худ гирад. Янукович, ки моҳи гузашта дар интихоботи президентии пирӯзӣ ба даст овардааст, дар парламенти Украина эътилофи нави ҳокимро таъсис дода, раҳбарон инқилоби норанҷии соли 2004-умро барканор кард.

Эътилофи нав, ки асоси онро ҳизби минтақаҳои Янукович ташкил медиҳад, собиқ вазири молия Микола Азаровро ба ҷои қаҳрамони инқилоби норанҷӣ Юлия Тимошенко-сарвазири Украина интихоб намуд. Азаров, ки муттафиқи наздиктарини Янукович мебошад, аз минбари Рада гуфт: "Вазифаи мо таъмини мардум бо ҳокимияти муассир мебошад. Мо ба таври самимӣ дар бораи вазъи Украина ва иқдомҳои мавриди назарам ҳарф мезанем".

Ҳамчунон қонунгузорони украинӣ номзадиҳои вазирони нави молия ва иқтисоди ин кишварро тасдиқ карданд.

Имкони ташкили эътилофи нав баъди фирори як идда вакилони мардумӣ аз эътилофи Юлияи Тимошенко имкон пазир гашт. Аз ҷумла раиси порлумон Володимир Литвин эълон кард, ки ӯ ва пайравонаш акнун шомили эътилофи нави ҳоким мебошанд, ки "устуворӣ ва ислоҳот" унвон гирифтааст: " Эътилоф бар пояи мувофиқати имзошуда аз тарафи ҳизби минтақаҳо, ҳизби коммунист, ҳизби Литвин ва ҳизби мардумӣ ташкил шудааст."

Баъзе шореҳон тахмин мекарданд, ки Янукович сиёсатмадори муътадил Серҳий Тиҳипкоро, ки дар сабқати президентӣ дар ҷои сеюм қарор дошт, ба курсии сарвазир пешбарӣ мекунад, вале раисҷумҳури Украина Тиҳипкоро муовини сарвазир дар умури иқтисод таъйин кард.

Сарвазири барканоршуда Тимошенко, ки акнун ба мухолифат гузаштааст, Януковичро бо тақаллуб дар интихобот ва харидани пуштибонии вакилони мардумӣ муттаҳам менамояд.

Аз 450 узви Радаи Украина 235 вакили мардумӣ ба эътилофи ҳокими зери раҳбарии Янукович ҳамроҳ шудаанд. Ҳамин тариқ президенти тозаинтихобшуда ба баргузории интихоботи нави парламентӣ эҳтиёҷ надорад. Зеро эътилоф пешбурди сиёсатҳояшро таъмин мекунад.
Янукович тасмим дорад музокироти тақдими қарзи баробар бо 16,4 миллиард доллар аз Сандуқи байналмилалии Пулро аз сар гирад.
Ҳамчунон Янукович саъй хоҳад кард, ки ба тарафи Русия рӯй оварда, сиёсатҳои панҷсолаи рӯ ба ғарби ҳукумати пештараро аз байн барад.

Ӯ гуфтааст, ки кӯшишҳои вуруди Украина ба паймони НАТО-ро хотима бахшида, талош менварзад, то созишҳои интиқоли гази Русия ба воситаи ин кишварро эҳё намояд.

Собиқ сарвазири Украина Юлия Тимошенко, ки моҳи гузашта дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ноком шуда буд, ҳафтаи гузашта аз вакилон раъйи адами эътимод гирифта, аз мақомаш барканор шуда буд.
XS
SM
MD
LG