Пайвандҳои дастрасӣ

Ташкили эътилофи нав дар парлумони Украина


Дар парлумони Украина эътилофи нави “Эътидол ва ислоҳот” ташкил гардид. Раиси Верховная Рада Владимир Литвин изҳор намуд, ки ба ин эътилоф 235 вакил аз Ҳизби минтақаҳо, Ҳизби коммунист, Иттиҳодияи Литвин ва гурӯҳи вакилони мустақил шомил шудаанд. Эътилофи “Эътидол ва ислоҳот” номзадии Николай Азаровро ба мақоми нахуствазири Украина пешбарӣ кардааст.
Аз ин пеш раисиҷумҳур Виктор Янукович ба қонун дар бораи ташкили эътилофи парлумонӣ тағйирот ворид кард. Бар пояи ин тағйирот, акнун ба эътилоф на фақат фраксияҳои ҳизбӣ, балки вакилони алоҳида ҳам метавонанд ворид шаванд. Намояндагони мухолифин ин тасмимро мухолиф ба Қонуни асосӣ хонданд. Раисиҷумҳури пешини Украина Виктор Юшенко ҳам аз ин тағйирот интиқод кардааст.
XS
SM
MD
LG