Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори Радиои Озодӣ Носирҷони Маъмурзода бо унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Ин унвон ҳар сол дар Рӯзи матбуот, 11-уми март аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар ба рӯзноманигорони тоҷик ба хотири хидматашон дар соҳаи матбуот ва мусоидаташон ба рушди ин соҳа дода мешавад.

Ин дуввумин унвони давлатии кормнади ҷавони Радиои Озодӣ Носирҷони Маъмурзода мебошад. Дар соли гузашта Вазорати фарҳанг Носирҷонро ба унвони Аълочии фарҳанги кишвар сазовор дониста буд.

Носирҷони Маъмурзода 26 сол дорад ва дар соли 2005 ба сафи хабарнигорони радиои Озодӣ пайвастааст. Дар соли 2006 факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ-ро хатм кардааст.

Бо нашрияҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ кардааст. Раҳбари бахши хабарӣ ва муовини мудири "Русское радио - Ориёно" буд. Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мебошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG