Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили матбуоти тоҷик ва натиҷаи ниҳоии интихоботи порлумонӣ аз муҳимтарин мавзӯъи матолиби нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта аст.

Ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии “Озодагон” дар саҳифаи аввали худ пешгуфтори сардабири ин нашрия Зафари Сӯфиро дар робита ба рӯзи иди матбуоти тоҷик нашр кардааст. Вай менависад, “шояд барои аксари ҳамкасбони ман дар расонаҳои мактуб ё чопӣ ин рӯз як ҷашни касбист, вале барои ман як рӯзи таҷлили ифтихор аст”.

Дар саҳифаи дигар хабарнигорони ин нашрия ба ин суол посух ҷустаанд, ки “оё матбуоти тоҷик тавони тағйири фазоро дошт?” Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеоти стротежии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар навбати худ касбияти журналистони тоҷик ва таъсири он ба ҷомеаро заиф хондааст. Аммо Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж”, гуфтааст, “вазифаи матбуот тағйири фазо ё таъсиррасонӣ ба он нест, балки инъикоси воқеъияти ҷомеа аст”.

“Ҳукумат ва матбуоти миллӣ: “ҷанги сард чаро?” ин сарлавҳаи як матлаб дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” аст. Муаллифи ин матлаб муносибати кунунии мақомоти расмӣ бо расонаҳои чопии мустақилро ба баррасӣ гирифтааст. “Нигоҳ” гуфтааст, “дар ду соли гузашта муносибати ҳокимияти иҷроия бо расонаҳои мустақили чопӣ беназир буд. Аммо ҳоло ба бӯҳрон дучор омадааст”. Манзур аз ин ишораи “Нигоҳ” ҳамон баҳсҳои додгоҳии ҳафтаномаҳои мустақили тоҷик аст, ки дар чанд моҳи ахир рӯ зад ва то кунун ҳалли мусбати худро пайдо накардааст.

Вале бархе аз назардиҳандагон дар ҳафтаномаи “Пайкон” гуфтаанд, матбуоти кунунии Тоҷикистон камтар ба дарди онҳо мехӯрад. Онҳо гуфтанд, кам воқеъ мешавад, ки матбуоти дохилиро харидорӣ ва мутолиа кунанд. Ба ин далел, ки ин нашрияҳо аксаран матолиберо чоп мекунанд, ки як ҳафта қабл расонаҳои электронӣ, аз ҷумла радиову телевизони кишвар низ онҳоро хабар медиҳанд.

Интихоботи порлумонӣ, натоиҷи ниҳоии он ва норизоиятии бархе аҳзоби сиёсӣ аз мавзӯи дигарест, ки тақрибан дар ҳама нашрияҳои Тоҷикистон бозтоб ёфтаанд.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раҳбари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, дар як матлаби таҳлилии худ дар нашрияи “Asia-Plus” навиштааст, “интихоботи порлумонии 28-уми фервал бо умедҳои зиёду эътимоди камтар баргузор шуд”. Ба гуфтаи вай, умед ба ин хотир бештар буд, ки раҳбари аввали ҳукумат шаффофияти ин интихоботро тазмин дод. Вале эътимод барои он камтар буд, ки дар чанд интихоботи гузашта мо шоҳиди интихоботи шаффоф ва одилона набудем ва ин ё он аҳзоби сиёсӣ низ одилона будани интихоботҳоро таҳти шубҳа қарор додаанд.

“Нозирони байнулмилалӣ назорат мекарданд ё истироҳат?” Зери ин сарлавҳа ҳафтаномаи “Фараж” низ матлаберо дар бораи назорат ё мушоҳидаву натиҷагирии баъзе аз нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи Тоҷикистон чоп кардааст. Вале муаллифи ин матлаб хулосаҳои баъзе аз нозирони кишварҳои пасошӯравиро таҳти суол бурдааст. Зеро, ба бовари ӯ, хулосаи мусбати ин нозирон дар ҳоле эълон шудааст, ки гурӯҳи нозирони миллӣ ва нозирони САҲА интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистонро ноодилона номидаанд.

Ҳафтаномаи “СССР” ҳам ба мавзӯи интихоботи порлумонӣ ва аҳзоби сиёсӣ дахл карда, онро бо чунин ҷумлаҳо хулоса кардааст: “То боздид...эй аҳзоб. Ба назар мерасад, ки то интихобот дигар ҳизбҳои сиёсӣ боз ҳам хомӯшӣ ихтиёр хоҳанд кард”.

Дар баробари ин ҳама, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ аз чеҳраҳоест, ки аксари нашрияҳо сӯҳбату матолиби марбут ба ӯ ва ҳизбашро чоп кардаанд.

Вале ҷолибтар ин аст, ки ҳафтаномаи “Пайкон” акси Кабириро бо ришу салла чоп карда, сарлавҳаи матлабашро “Кабирии бо ришу салла” номгузорӣ кардааст. Нашрия навиштааст, натоиҷи интихоботи порлумонӣ раҳбари наҳзатиҳоро, ки дар ин интихобот бо нерӯи бештар вориди сабқат шуд, аммо таваққӯоташ бароварда нагардид, ба тасбеҳ рӯй овардааст ва аз эҳтимол дур нест, ки риш ҳам монаду салла ҳам пӯшад. Ба ин монанд акси Кабириро ҳафтаномаи “СССР” ҳам чоп кардааст.
XS
SM
MD
LG