Пайвандҳои дастрасӣ

Додраси парванда аз ҷонибҳо даъват ба амал овардааст, ки то он замон мавзӯъи ба мусолиҳа расидан дар ҳалли ин қазияро баррасӣ кунанд.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳудуди як моҳе пеш дар робита ба матлаби интишор намудаи ҳафтаномаи «Миллат», таҳти унвони «Вазорати кишоварзӣ - фасодзадатарин ниҳод» дар шумораи 49 –ум аз 10-уми декабри соли гузашта ба додгоҳ шикоят бурда ба сурати умум ин матлабро тӯҳмат дар ҳаққи ин ниҳоди давлатӣ арзёбӣ карда буд. Ба ин далел, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз додгоҳ тақозо кардааст, ки аз ҳафтаномаи «Миллат» барои тавҳин, ҳудуди 1 миллион сомонӣ ё муъодили беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима ситонад. Нашрияи “Миллат” низ дар посух ба ин иқдоми вазорат, дар мурофиаи муқаддамотӣ дар ҳудуди се ҳафтаи пеш ба додгоҳ шикоят бурда ва хостори як сомонӣ, камтар аз ним доллар ҷаримаи рамзӣ талаб кардааст.

ШАРҲИ БЕШТАРИ ИН ҚАЗИЯ

Мурофиа субҳи рӯзи 11-уми март дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, пушти дарҳои баста ва бидуни ширкати хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои расонаӣ оғоз гардид. Аммо пас аз 20 дақиқаи баргузории он Ҷунайд Ибодов, намояндаи ҳуқуқии ҳафтаномаи мустақили «Миллат», дар назди хабарнигорон ҳозир шуд ва эълом кард, ки бо дархости вай баррасии ин қазия то ба 29 - уми март ба таъвиқ гузошта шуд, «азбаски як – ду кушиши ман барои сухан кардан ба хубӣ анҷом наёфт ва садо шунида нашуд, ман аз додрас хоҳиш кардам ва дархост низ навиштам, ки мурофиа ба замони дигар гузаронда шавад. Додрас низ бо ризояти тарафи муқобил ин хоҳишро пазируфт ва тасмим кард, ки мурофиаи навбатӣ ба соати 10, субҳи 29-уми март таъин шавад».

Ҳадс зада мешуд, ки эҳтимол дорад ин тасмим ба хотири ҷашни иди матбуот гирифта шуда бошад, аммо Ҷунайд Ибодов таъкид кард, ки ин иқдом ҳеҷ рабте ба Рӯзи матбуот надорад ва танҳо дархости вай бинобар бад будани саломатиаш сабаби таъвиқ дар баррасии қазия шудааст. «Болои сухта намакоб» хабарнигоронро бар иловаи баргузории мурофиа дар рӯзи иди матбуот, маҳрум шудан аз ширкат дар раванди баррасии парванда ба хашм овард. Ин буд, ки куллияи хабарнигорон хостанд, то аз масъулони додгоҳ, ба хусус раиси додгоҳ ва Дилором Абдураҳимова, додраси парванда посухе пайдо кунанд. Аммо Абдуҳамиди Искандарзод, котиби маҷлиси додгоҳӣ, ки дар назди дари воридотии бинои додгоҳ қарор дошт, ба тақозои хабарнигорон гуфт, «раиси калон дар мурофиа ҳастанд. Дилором Абдураҳимова гуфтанд, ки наметавонанд сӯҳбат кунанд».

Ин дар ҳолест, ки қабл аз шурӯъи мурофиа ду тарафи қазия хоҳони ба таври кушода, бо ширкати хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои расонаӣ баргузор шудани он будаанд. Аммо Дилором Абдураҳимова, додраси парванда, бидуни шарҳе ба ҳузури хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои расонаӣ мухолифат кардааст. Ҳуқуқшиносон, аз ҷумла Ҷунайд Ибодов, намояндаи ҳафтаномаи «Миллат» мегӯяд, бар асоси қавонини Тоҷикистон шеваи баргузории мурофиа ҳаққи додраси парванда аст.

Бо ин ҳам Сангин Гулов, коршиноси масоили расонаӣ, гуфт, пушти дарҳои баста ва дар рӯзи иди матбуот баргузор шудани мурофиа мояи шигифтӣ аст, «Мирзо Ҷалол Юсуфзода дар 98 соли пеш намедонист, ки вай дар рӯзе, ки «Бухорои Шариф» -ро чоп мекунад, баъди гузашти як аср дар ҳамин рӯз як расонаи мустақили Тоҷикистон ба додгоҳ кашида мешавад. Ба додгоҳ кашондани «Миллат» -ро фоли нек намеҳисобам ва як ҳодисаи нохуш медонам. Аз сӯи дигар, ба таври пӯшида сурат гирифтани он мояи ҳайрат аст ва дар ҳоле, ки қазия парвандаи шаҳрвандӣ аст ва бояд ба таври ошкор сурат бигирад».

Аммо Нарзулло Додобоев, намояндаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ки масъули дафтари матбуотии ин ниҳод аст, гуфт, аз эҳзсосот фаромӯш кардааст, ки мурофиа дар рӯзи иди матбуоти тоҷик таъин шудааст, «нисбати рӯзи баргузории мурофиа. Албатта ин ваколати додрас аст. Ва мо албатта метавонистем инро ба рӯзи дигар гузорем, вале эҳсосоте, ки рӯзи аввали мурофиа буд, фикр мекунам, моро ҳам пахш кард ва ман фаромӯш кардам, ки рӯзи 11 рӯзи ид аст».

Бад ин тартиб, ин барои бори дуввум аст, ки мурофиаи додгоҳии нашрияи «Миллат» ба замони дигар ба таъвиқ меафтад. Бархе аз хабарнигорон бар ин боваранд, ки додрас аз чунин тариқ мехоҳад то тарафҳо ба мусолиҳа бирасанд. Ҷунайд Ибодов, намояндаи ҳафтаномаи «Миллат», низ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки додраси парванда пас аз эъломи тасмими додгоҳ аз тарафҳо даъват ба амал овардааст, ки аз ин фурсат, яъне то 29 – уми март истифода карда, иқдомотеро барои расидан ба созиши оштӣ рӯи даст бигиранд. Ҳарчанд Нарзулло Додобоев, намояндаи Вазорати кишоварзӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон бар моил будани ин тараф ба созиш таъкид кард, аммо Ҷунайд Ибодов, намояндаи ҳуқуқии нашрияи «Миллат», гуфт, дар канори таъинот, пешниҳоди додрас барои созишро бо раҳбарияти нашрия машварат хоҳанд кард ва сипас тасмим хоҳанд гирифт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG