Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Бо сабаби узви Маҷлиси Намояндагон интихоб шуданашон чанде аз аъзои ҳукумат ва мансабдорони баландпояи Тоҷикистон аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷои онҳо шахсони дигар таъин шуданд. Ба ин тартиб мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури иқтисодӣ, Матлубхон Давлатов ба ҷои Амиршо Миралиев раиси датгоҳи раёсатҷумҳурӣ, раиси "Амонтанбонк" Маҳмадамин Маҳмадаминов ба ҷои Шукурҷон Зуҳуров вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудири корхонаи коммуналӣ ва манзил Раҳмат Бобокалонов дар ивази Ёқуб Саидзод вазири обу обёрӣ, муовини раиси Кумитаи омор Бахтия Муҳаммадиева ба ҷои Мерган Шаҳбозов мудири Оҷонси омори назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати хадамоти давлатӣ Ҷумъахон Давлатов мушовири двлатии раисиҷумҳур дар умури ҳуқуқӣ ва намояндаи ӯ дар Маҷлиси Намояндагон таъин шуданд.
XS
SM
MD
LG