Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Феҳрасти миллиардерҳои ҷаҳон дар "Форбс"


Маҷаллаи "Форбс" номгӯи сарватмандтарин афроди ҷаҳонро ба нашр расонд. Нахустин бор ин феҳрастро як мексикоӣ, тоҷири риштаи телекоммуникатсия Карлос Слим сарварӣ карда, дороии ӯ 53 миллиарду 500 миллион доллар унвон шудааст. Сарвати ӯ аз дороии бунёдгузори консерни Майкрософт Билл Гейтс ним миллиард доллар бештар будааст. Шумораи аз ҳама бештари миллиардерҳо дар Иёлоти Муттаҳида, сипас Чин ва Русия ба сар мебурдаанд. Бештарини онҳо, 62 нафар дар Ню Йорк мезистаанд. Дар ҷои дувум Маскав буда, ки дар он 50 миллиардер ба сар мебурдааст ва савум Лондон бо 32 миллаирдер.
XS
SM
MD
LG