Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин пайванди ҳуҷайраи танаии дил дар Душанбе


Дар маркази ҷарроҳиҳои дил дар Душанбе аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон ҳуҷайраҳои танаӣ пайванд карда шуданд. Ин ҷарроҳӣ бепул аз тарафи беҳтарин мутахассисони ҷарроҳии дил ҷараён гирифта, дар он донишманди саршинос Масъуди Миршоҳӣ ширкат кард. Ин таҷрибаҳо таҳти назари Миршоҳӣ, ки эронии муқими Фаронса аст, ҷараён мегиранд. Ба ду бемор чунин ҳуҷайраҳо пайванд карда шуд, ки ба зудӣ рушд карда, ба инкишоф ва таҳкими мушаку рагҳои дил сабаб мегарданд. Айни чунин амал бо чаҳор бемори дигар низ ҷараён хоҳад ёфт. Тоҷикистон, ба иттилои хабаргузории "Ховар", баъд аз Эрон, Ҳинд ва Чин чаҳорум кишвари Шарқ аст, ки чунин таҷрибаҳоро бо муваффақият анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG