Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай хостори нақши Покистон дар сулҳ бо толибҳост


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай барои ташхиси нақши Покистон дар ҳама гуна гуфтушуниди эҳтимолӣ бо Толибон вориди Исломобод шуд. Покистон қаблан низ гуфтааст, дар оштии афғонҳо нақш бозида метавонад. Пештар Кобул Исломободро ба он айбдор кард, ки ба решакан кардани пойгоҳҳои толибон дар қаламрави худ талош намеварзад. Кобул ҳамчунин ба истирдоди фармондеҳи аршади Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар ва 40 нафари дигар, ки дар маҳбаси Покистонанд, пойфшиорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG